Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз пайдоиши вируси нави марговар ҳушдор дод

Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, вируси дигаре пайдо мешавад, ки аз ин вирус марговартар хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Дер ё зуд инсоният бо пандемияи нав рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки аз вируси мавҷуда хатарноктар хоҳад шуд, гуфт директори генералии Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебресиесус.

"Вируси дигаре хоҳад буд, ки аз ин вирус сироятовар ва марговартар хоҳад буд", - гуфт ӯ дар ифтитоҳи 74-умин нишасти СҶБ.

Ба гуфтаи роҳбари созмон, маҳз мубориза бо вирусҳо нишон медиҳад, ки давлатҳо бояд бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд, на рақобат .
"Дар асл, мо дар назди интихоб қарор дорем: якҷоя амал кардан ё ҳимоя накардан", - хулоса кард Гебрейесус.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гардиши нав дар қазияи пайдоиши коронавирус: маризони аввал киҳо буданд
Ассамблеяи ҷаҳонии беҳдошт аз 24 май то 1 июн дар фазои маҷозӣ идома мекунад.
Мавзӯи асосии он мубориза бо пандемияи COVID-19 ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар кори ассамблея ҳайатҳои тамоми ҷаҳон иштирок мекунанд.