Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Путин гуфт, ба Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз ҳамаҷониба кумак мекунад

Дар шаҳри Сочӣ музокироти президенти Русия Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов ҷараён дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Дар ҷараёни музокирот Путин гуфт, ки ҳама чизи имконпазирро ба харҷ хоҳад дод, то Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо бо роҳи музокирот тамоми масъалаҳои марзиро ҳал кунанд.
Роҳбари Русия ҳамчунин илова кард, ки вазъият дар марзи ин ду кишварро ҷиддан назорат мекунад.

"Мо мефаҳмем, ки ин бо зиндагии одамони мушаххас алоқаманд аст ва пеш аз ҳама, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи мардум фикр мекунанд. Аммо мо бояд роҳи ҳалли чунин мушкилотро пайдо кунем, то он дарозмуддат бошад ва ба манфиатҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ бошад", - таъкид намудааст президенти Русия.

Ҳамзамон, Содир Ҷабборов кишвардори Қирғизистон ба Владимир Путин бобати таваҷҷӯҳи ӯ ба вазъи марз миёни Қирғизистону Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Путин ва Ҷабборов дар Сочи вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд
Тавре қаблан дар хадамоти матбуоти Кремл хабар дода шуд, дар музокирот роҳбарони Русия ва Қирғизистон баррасии масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодияҳои интегратсионӣ дар фазои АвруОсиёро ба нақша гирифтаанд.