Сел, раъду барқ ва жола: ҳушдори ҳавошиносон аз бад шудани ҳаво дар охири моҳ

Тамоми ҳафтаи равон, ки ахири моҳи май аст, дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрӣ бо раъду барқ ва бориши зиёди борон дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Аз рӯзи душанбе то якшанбе дар Тоҷикистон борон, раъду барқ ва ҳатто жола дар назар аст, хабар медиҳад Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда абрӣ, борони кӯтоҳмуддат, эҳтимол дорад рӯзҳои шанбе ва якшанбе жола борад.
Афзун бар ин, дар шаҳр баъзан вазиши шамол сахт шуда, то 12 метр дар сонияро ташкил хоҳад дод.
Шабона ҳаво 13-17 дараҷа гарм ва рӯзона аз 28 то 32 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ аз борону сел давоми се рӯзи оянда
Чунин вазъ дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ дар назар дошта шудааст. Ҳавои тағйирёбанда, раъду барқ ва борони сел пешбинӣ мешавад.
Шамол то 15 метр сония мевазад, дар минтақаҳои кӯҳӣ шабона то 5-10 дараҷа гарм, рӯзона 22-27 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд бошад, боришот пешбинӣ намешавад. Тамоми ҳафта ҳаво каме тағйирёбандаи абрнок шуда, шамол то 17 метр сония мерасад, ҳаво рӯзҳои 27-28 май о як ду дараҷа пасттар мешавад.
Ҳарорат дар водиҳо шабона то +13-18 °C, рӯзона то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво шабона +2-7 °C ва рӯзона 16-21°C мешавад.
"Дар вилояти Хатлон қариб тамоми ҳафта раъду барқ дар назар аст. Баъзан хокборон мешавад. Дар ҳамин ҳол, шабона дар водиҳо ҳудуди 17-22 дараҷа гарм мешавад, рӯзона ҳарорат то +33°C ва то +36°C мерасад", - афзудааст Агентӣ.
Дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрӣ, рӯзи сешанбе борони кӯтоҳмуддат дар ғарби ВМКБ, дар шарқи вилоят рӯзҳои 28 ва 29 барф дар назар аст.
Дар умум ҳарорати миёна дар ВМКБ шабона то +4-9 °C, рӯзона +16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи Помир шабона +2-7 дараҷа ва , дар бархе минтақаҳо 0-5°C ва рӯзона +12 °C мешавад.