ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Се мутахассиси Пажӯҳишгоҳи вирусология дар Вуҳани Чин каме пеш аз оғози пандемия шадидан бемор буданд, менависад РИА Новости бо истинод ба Wall Street Journal .
Ёдовар мешавем, ки аввалин хуруҷи COVID-19 дар ин шаҳр моҳи декабри соли 2019 сабт шуда буд.
Нашрия қайд мекунад, ки се нафар олимон моҳи ноябр бо нишонаҳои шадиди коронавирус ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳар се олим аъзои як гурӯҳе буданд, ки ба омӯзиши ин вирус машғул буданд.
Манбаъ меафзояд, тафсилоти мазкур таҳқиқи бештар мехоҳад ва бояд дақиқ шавад, ки оё ин вирус дар озмоишгоҳ “эҷод” шудаву аз он берун баромадаст ва ё на..
Зимнан, дар посух ба дархости ин маҷала ба Вазорати умури хориҷии Чин, Вашингтон ба он муттаҳам шуд, ки маълумоти бардурӯғ дар мавриди аз лаборатория паҳн шудани вируси мазкурро паҳн мекунад.
Илова бар ин, Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида воқеан аз манбаи пайдоиши COVID-19 нигарон аст ё "кӯшиш мекунад, ки диққатро ба самти дигар равона кунад."
Маврид ба зикр аст, ки моҳи май, ҷумҳурихоҳон аз Кумитаи иктишофии Маҷлиси Намояндагони ИМА гуфтанд, ки "далелҳои фавқулодда" мавҷуданд, ки хуруҷи коронавирус метавонад аз ихроҷи Институти вирусологияи Ухан сарчашма гирифта бошад.
Аъзои ҳизб ба пайдоиши нишонаҳои хоси сирояти коронавирус дар баъзе муҳаққиқон дар тирамоҳи соли 2019 ишора карданд ва инчунин иштироки низомиёни Чинро дар озмоишгоҳ эълом карданд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гузориши пурраи як гурӯҳи коршиносони байналмилалиро дар бораи сафари Вуҳан барои муайян кардани пайдоиши COVID-19 дар моҳи март нашр кард. Дар ин санад хуруҷи вирус аз озмоишгоҳ "номумкин" ном бурда мешавад. Гуфта мешавад, навъи нави коронавирус ба эҳтимоли зиёд ба одам аз кӯршапаракҳо тавассути ҳайвони дигар сироят кардааст.
Аммо Амрико ва 13 иёлоти дигар бо пахши як изҳороти муштарак аз натиҷаҳои ТУТ изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо ба таҳқиқи "шаффоф ва мустақил" дар бораи пайдоиши COVID-19 даъват карданд.