Фиристодаи Фаронса бо таъмири Талко шинос шуд

Франсуа Салвия, фиристодаи иқтисодии Фаронса, бо мақомдорони тоҷик мулоқот карда, аз корхонаи алюминийи Тоҷикистон – Талко боздид намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Атташеи иқтисодии Сафорати Фаронса дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Франсуа Салвия бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст.
Тибқи гузориши сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, оқои Салвия бо мақомдорони бахшҳои гуногун, аз ҷумла бо вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва вазири энергетикаю захираҳои обӣ Далер Ҷума гуфтушунид намудаст.
Франсуа Салвия, фиристодаи иқтисодии Фаронса ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон
Ба иттилои сафорат, инчунин Салвия аз Ширкати алюминийи Тоҷик, Талко боздид кардааст, ки аз тарафи яке аз ширкатҳои фаронсавӣ таъмир карда мешавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки Талко, калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз ним миллиард доллар сармояи чинӣ аз ҷониби чанд ширкат, аз ҷумла аврупоӣ таҷдид мегардад.
“Маблағҳое, ки барои навсозӣ ҷудо карда шудаанд, аз ҳисоби фурӯши алюминийе, ки дар хатҳои электролизии нав истеҳсол мешаванд, бозгардонида хоҳад шуд”, - изҳор дошта буданд дар раёсати Талко.
Дар мавриди кори ширкат баъди навсозӣ иттилоъ дода шуд, ки пас аз навсозӣ иқтидори истеҳсолии силсилаҳои 5 ва 6-уми истеҳсолоти электролиз ба 300 ҳазор тонна дар як сол расонида мешавад.
“Хароҷоти неруи барқ ва намудҳои дигари истеҳсолот тақрибан ду маротиба коҳиш ёфта, беш аз 90 фоизи алюминий бо сифати баланди А7 ва А8 истеҳсол карда мешавад”, - таъкид намуда буд раёсати ширкат.