ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон ва намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 бо ҷои 9 – ум ба Маскав баргашт.
Ба гузориши шабакаи аввали телевизиони Русия, Манижа дар лаҳзаҳои аввали баъди эълони натиҷаҳо дар суҳбат бо хабарнигор ашк рехт ва гуфт ин хеле сангин буд.
Ба таъкиди хабарнигор, ки шомил шудан ба даҳгона низ дастоварди бузург аст, Манижа розӣ шуд ва гуфт барои дарки ин каме фурсат лозим.
Инчунин дар Евровидение ба Манижа Алла Пугачёва, овозхони машҳур ва собиқадори Русия занг зада, насиҳат кардааст. Манижа гуфт, Пугачёва ӯро ором карду изҳор дошт, ки дар саҳна на барои ҷой, балки барои мардум ҳунарнамоӣ кунад.
Модараш Наҷиба (дар гузориши шабакаи 1 - Надежда) Усмонова изҳор дошт, ки Манижа он чиро, ки мехост, баён кунад аз ин минбар ба оммаи беш аз 400 миллион нафарӣ гуфт.
Манижа бо суруди "Зани рус", бо гирифтани 204 хол - 104 овоз аз ҷониби доварон ва 100 овоз аз тарафи тамошобинон дар озмуни Евровидение ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуд.
Гурӯҳи роксарои итолиёвии Måneskin дар Eвровидение - 2021 пирӯз гардид.