Мулоқот ва дастфишории Ҳаррис ва кишвардори Кореяи Ҷанубӣ ба яке аз мавзӯҳои баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфт.
Навори сӯҳбати ин ду мақомдор ва лаҳзаи даст фишордани ҳамдигар ба шабакаҳо роҳ ёфт ва амали ноиби президенти Амрико аксар корбаронро ҳайратзада кард.
Дар ин навор, Ҳаррис ва Мун Чже Ина дасти ҳамдигарро мефишоранд, вале хонум Ҳаррис пас аз ин даррав кафи дасташро бо шими худ тоза мекунад.
Маҳз ҳамин лаҳза боиси таваҷҷӯҳи корбарон гашт ва баъзеҳо амалкарди намояндаи Амрикоро қабул надоштанд.
Аксар амали ӯро ғайридипломатӣ арзёбӣ намуданд. Иддае бар ин андешаанд, ки агар Ҳаррис намояндаи ҷумҳурихоҳон мебуд, ӯро барвақт ба нажодпарастӣ муттаҳам мекарданд.
Аммо, корбароне ҳам ёфт мешуданд, ки ин амалро ночиз номида, тахмин намуданд, ки шояд дасти хонум Ҳаррис арақ кард ва маҳз ба ҳамин хотир кафи дасташро пок намуд.