Тоҷикистону Ӯзбекистон тақсими марзҳоро идома медиҳанд

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба аломатгузории марз гуфтушуниди навбатиро анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфт, ки намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Хуҷанд музокирот анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои кории ҳукуматии ҷумҳуриҳо масъалаҳои аломатгузории марзро баррасӣ карданд.
Силсилаи гуфтушунидҳо тақрибан як ҳафта идома кард: аз 17 май то 22 майи соли 2021.
Намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон корҳои таъйин кардани марзро баррасӣ карданд, дар бораи хатти аломатгузории ва муқаррар намудани аломатҳои марзӣ мубодилаи афкор карданд.
Корҳо оид ба муаянсозии сарҳадҳои давлатӣ идома хоҳанд ёфт.
Инчунин хабар дода мешавад, ки дар натиҷаи гуфтушунид протокол ба имзо расид.
Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти қаблии намояндагони ҷумҳуриҳо оид ба масъалаи марз охири моҳи март баргузор шуда буд.
Дар марҳилаи қаблӣ, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи корҳои заминӣ-топографӣ ва геодезӣ дар замин ба мувофиқа расиданд.
Дарозии сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон зиёда аз 1,33 ҳазор километрро ташкил медиҳад.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 20% хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон тақсимнашуда боқӣ монд.