ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Раиси ВМКБ дар табрикоташ ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки 23 май дар Тоҷикистон таҷлил мешавад, бо қаноатмандӣ гуфт, аксари олимону муаллимони донишгоҳҳои бонуфузи вилоятро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Файзов гуфт, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи профессор М. Назаршоев, Институти илмҳои гуманитарии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи академик Б. Искандаров, Институти илмҳои биологии "Помир" ба номи академик Х. Юсуфбеков аксарияти омӯзгорону кормандони илмӣ, ҳайати олимону пажӯҳишгаронро насли ҷавон ташкил медиҳад.
"Мояи хурсандист, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ олимону муаллимони ҷавони тоҷик ба донишҷӯёни хориҷию ватанӣ таълим медиҳанд. Бештари мутахассисони ташкилоти байналмилалии мустақар дар вилоят аз ҳисоби хатмкардагони донишгоҳҳои ватанӣ мебошанд", - гуфт ӯ.
Мавсуф зикр намуд, ки дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар замони соҳибистиқлолӣ садҳо иншооти нав ба истифода дода шуданд ва имрӯз онҳо дар хизмати ҷомеа, аз ҷумла, насли ҷавони вилоят қарор доранд.
Бо кушода гардидани муассисаҳои шакли нави таълимӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, Литсейи Оқохон ва Коллеҷи тиббӣ дар Хоруғ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, Литсейи касбӣ-техникӣ барои ашхоси дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Рӯшон, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф, рушд намуд.
"Ҳамасола зиёда аз 80 фисади хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мегарданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар кишвар мебошад", - гуфт Ёдгор Файзов.
Танҳо соли ҷорӣ толибилмони вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни синфҳои 11 понздаҳ медал ба даст оварданд, ки панҷтои он тилло мебошад.
Ба воситаи квотаи президентӣ садҳо ҷавонон имконият пайдо намуданд, ки соҳибилму соҳибихтисос гарданд. Махсусан, дар соҳаи тиб мутахассисони зиёд аз ҳисоби ҷавонон макотиби олии соҳавиро хатм карда, ба зодгоҳи худ баргаштанд.
Раиси вилоят афзуд, ки ҷавонони вилоят сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк намуда, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Раиси вилоят аз дастгирии ҷавонон аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон мисол оварда, гуфтааст, ки ба ҷонибдории номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 фисади ҷавонони вилоят раъй доданд ва ВМКБ нақшаи даъватро дар як рӯз 100 дарсад иҷро кард.