Роналду омодааст ба "Манчестер Юнайтед" баргардад

Расонаҳо қаблан навишта буданд, ки ба хотири бозгашт ба Манчестер Юнайтед, Роналду ҳатто омода аст, ки маошро коҳиш диҳад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Ҳамлавари тими миллии Португалия ва "Ювентус" - и Турин Криштиану Роналду омодааст ба тими "Манчестер Юнайтед" - и Англия баргардад, менависад AS.
Роҳбарияти "девщои сурх", ба гуфтаи манбаъ, аллакай бо ин бозигари 36-сола тамос гирифтааст.
Сармураббии Манчестер Юнайтед Оле Гуннар Солскяер ҳатто бо Роналду гуфтугӯ карда, принсипҳои корияшро ба португалӣ расонд.
"Хуҷанд" бо ғалабаву "Равшан" бо бохт иштироки худро дар Ҷоми КФО хотима доданд
Роналду дар навбати худ зид нест, ки ба Манчестер баргардад. Ёдовар мешавем, ки ӯ аз соли 2003 то 2009 дар тим бозӣ кардааст.
Ҳамлавар дар бораи ояндаи худ пас аз ба охир расидани чемпионати Италия, вақте ки мавқеи ниҳоии "Ювентус" дар ҷадвали Серия А маълум мешавад, тасмим мегирад.
Агар Туринтиҳо ба Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбанд, ӯ дар тим мемонад. Дар акси ҳол, Роналду омода аст тими худро иваз кунад.
Созишномаи ҳозираи Роналду ва "Ювентус" то 30 июни соли 2022 ҳисоб карда шудааст, ки маблағи интиқол 50 миллион евроро ташкил медиҳад.