Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Манижа бо суруди Russian Woman дар финали Евровидение Урупоро ба "по" хезонд - видео

Намояндаи Русия Манижа дар даври ниҳоии Евровидение - 2021 баромад кард. Баромади ҷаззобу фавқулодаи Манижа довар ва тамошобинонро тасхир намуд ва Урупоро ба "по" хезонд
Sputnik
Дар даври финалии ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин рӯи саҳна баромад.
Манижа дар тан пироҳани калони чархдор дошт, ки аз пораи матоҳое, ки ҳаводорони ӯ аз тамоми гӯшаи Русия барои омода намудани ин либос ирсол намуданд, дӯхта шудааст.
Ба ҷузъ аз пироҳани ғайриоддӣ Манижа дар сар рӯймоли калон бастааст.
Зимни баромад, Манижа ин пироҳани калонро мекашад ва дар либоси сурх бо навиштаҷоти Зани рус мемонад.
Матни суруде, ки бо он Манижа Русияро дар Евровидение муарифӣ мекунад. моли худи ӯст. Мусиқии ин суруд дар ҳамдастӣ бо оҳангсозони исроилӣ Ори авни ва Ори Каплан омода шудааст.
Омодагии Манижа ба озмуни Евровидение аз моҳи март шурӯъ шуд ва нахустин тамрини ӯ дар Роттердам авоили моҳи ҷорӣ сурат гирифт.