Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Овозхон аз Швейтсария дар Евровидение - 2021 сеюм шуд

Маълум шуд намояндаи кадом давлат дар озмуни Евровидение - 2021 мақоми сеюмро гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Овозхон аз Швейтсария дар озмуни Евровидение - 2021 мақоми сеюмро ишғол кард.
Кишварро овозхон Гҷон муаррифӣ кард. Вай суруди Tout l'Universitet-ро иҷро кард.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ ӯ 432 имтиёз ба даст овард.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Ҷои 9 Манижа бо суруди Russian Woman дар Евровидение - 2021
Ғолиби Eurovision - 2021 гурӯҳи Måneskin бо суруди Zitti e buoni шуд. Ҳамин тариқ, Итолиё соли оянда Евровидениеро баргузор мекунад.
Ҷойи дуюм насиби Фаронса гардид, ки Барбара Правь аз он дар Евровидение -2021 намояндагӣ кард.
Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин кишварҳои зерин шомил шуданд: Исландия, Украина, Малта, Финляндия,, Литва, Русия ва Юнон.
Даври ниҳоии Евровидение - 2021 дар шаҳри Роттердами Нидерланд баргузор шуд.
Барои ба даст овардани ғолибият намояндагон аз 26 давлат, аз ҷумла намояндаи Русия Манижа Сангин, сабқат карданд.
Ровиёни даври ниҳоии Евровидение - 2021 4 нафар: Шантал Янзен, Ян Смит, Эдсилия Ромбли ввввва Никке де Ягер буданд.
Тибқи анъана, шаш нафар ба таври худкор ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки инҳо намояндагон аз Британия, Олмон, Испания, Италия ва Фаронса мебошанд, ки ҳамчун созмондиҳандагони ин озмун ба ҳисоб мераванд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Италия, Испания ва Словения дар Евровидение - 2021 ба Манижа "овоз" медиҳанд
Нидерланд бошад ба хотири он ки соли гузашта намояндааш ғолиб омад, аз ин хотир, ин кишвар низ ба даври финал роҳ пайдо кард.
Ҳамин тариқ, мубориза барои пирӯзӣ дар финали Евровидение - 2021 байни Ҷангу Макрой бо суруди Birth Of A Age New from Holland, Ҷеймс Нюман - Embers (аз Бритониёи Кабир), Jendrik - I Don't Feel Hate (аз Германия), Бласом Канто - Voy A Quedarme (аз Испания), Måneskin - Zitti E Buoni (аз Италия), Барбара Прави - Voilà (Фаронса), Манижа - Russian Woman (аз Русия),(от России), Дестини Чукуньере - Je Me Casse (аз Малта ) сурат гирифт.
Пас аз баромади овозхонҳо, раъйдиҳӣ шурӯъ шуд, ки дар он тамошобинони телевизион ва ҳакамони салоҳиятдори 39 кишвар ширкат мекунанд.
Кишваре, намояндаи он ғолиб меояд, мизбони Евровидение-2022 мешавад.