Гурӯҳи роксарои итолиёвии Måneskin пас аз пирӯзӣ дар Eвровидение - 2021 эҳсосоти худро бо хабарнигорон нақл кард.
"Ман аслан намедонам чӣ гуна онро шарҳ диҳам, аммо ин як эҳсоси бебаҳост", - гуфт овозхони сарояндаи гурӯҳ Дэвид Дамиано.
Аммо, сарфи назар аз суханрониҳои мутавозин, навозандагон аз рафтори аҷиби худ даст накашиданд ва дар миёнаи нишасти матбуотӣ, ба мисли ғолибони Формула-1, ба болои ҳамдигар шампан рехтанд.
"Мо воқеан хурсандем, ки ин чорабиниро тақрибан 30 сол пас бармегардонем. Ин барои мо шарафи олие аст", - гуфт бассист Виктория Де Анҷелис.
Пас аз нишасти матбуотӣ, ғолибони Евровидение бо хурсандӣ дар назди рӯзноманигорон аксбардорӣ карданд ва солист шимашро иваз накард ё фурсат наёфт ва бо шими дарида акс гирифт.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи роксарои итолиёвӣ Måneskin бо бештарин овозҳо дар Евровидение - 2021 - , 524 хол пирӯз шуд.
Гурӯҳи Måneskin дар Итолиё соли 2015 таъсис ёфтааст. Ба он овозхони асосӣ Дэвид Дамиано, бассист Виктория Де Анҷелис, гиторнавозон Томас Раҷӣ ва Этан Торкио дохил мешаванд.
Мэнескин дар тарҷума аз забони даниягӣ маънои "нури моҳ" - ро дорад.