Навори пурраи мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар дар Рӯзи ҷавонон нашр шуд.
Президент дирӯз, 21 май дар Кохи Борбад чун анъана дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқот анҷом дод.
Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни рӯзи ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат, андешаронӣ карда, ҳадафи мулоқотро таҳлили вазъи соҳа, ҳидояти насли оянда дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод намуд.
Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд.Зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат иброз дошт, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.