ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дар шарқи вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола пешбинӣ шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водигӣ бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ дар назар аст. Чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, дар ағбаҳо туман мефарояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.