Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Чиптаи 500 – доллара! Ваъдаи се ширкати русӣ барои арзон кардани нархи чиптаи самти Русия

Се ширкати ҳавонавардии Русия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон расман мактуб кардаанд, ки омодаанд интиқоли мусофирин ба Русияро бо ҳудуди 500 доллар анҷом диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Се ширкати ҳавонавардии Русия - "Уралские авиалинии", "Сибир" ва "Ямал" ваъда доданд, ки чиптаҳои самти Русияро сар аз 22 май бо нархи 500 доллар ба фурӯш мебароранд.
Бино ба асноде, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доранд, ширкати "Ямал" эълом доштааст, парвозҳои чартерӣ дар масири "Тюмен – Душанбе – Тюмен" – ро ҳар ҳафта як бор ба нархи 490 доллар иҷро мекунад.
"Уралские авиалинии" ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон маълум кардааст, ки қимати як чиптаи парвози чартериро аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 500 доллар муқаррар хоҳад кард.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
“Созишро иҷро накарданд”: чаро парвозҳои ду ширкати ҳавонавардӣ манъ шуд?
"Сибир" низ ба Агентии фавқуззикр изҳор доштааст, ки барои анҷоми парвозҳо омода аст, қимати як чиптаро аз 500 доллар зиёд накунад.
Ду ширкати ахирӣ дақиқан ишора кардаанд, ки дар асоси дархости Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон қимати чиптаҳоро ба ин ҳад поён хоҳанд овард.
Дар ҳамин ҳол, Икром Субҳонзода, директори Агентии авитсияи граждании Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 18 майи соли равон ин ниҳод ба тамоми ширкатҳои фаъол дар бозори ҳавонавардии ин кишвар мактуб фиристода, равшан гуфта буд, арзиши чиптаро то ҳадди 500 доллар поён фароред ва дар ин асос Агентӣ тамоми дархостҳои ширкатҳо дар мавриди афзоиши парвозҳои чартериро баррасӣ хоҳад кард.
"Мо аз онҳо фақат хостем, ки барои ҳимояи ҳуқуқи мусофирон чиптаҳо бо нархҳои дастрас фурӯхта шаванд. Тақозои мо ин буд, ки нархи чипта дар доираи арзиши аслӣ ба танзим дароварда, арзон карда шавад. Се ширкат - "Ямал", "Уралские авиалинии" ва "Сибир" - мактубҳои расмӣ фиристода, омодагӣ изҳор намудаанд, ки аз 22 май нархи чиптаро ба самтҳои гуногуни Русия на зиёда аз 500 доллар ба фурӯш мебароранд", - гуфт Икром Субҳонзода.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Лавров: Маскав мехоҳад ҳар чӣ зудтар равобити ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кунад
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, ки дар сурати гарон фурӯхтани чипта дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ҳатман ба телефонҳои Агентӣ муроҷиат кунанд ва ҳангоми хариди билет расид (чек) – и онро талаб намоянд, дар акси ҳол, чипта нахаранд.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон як моҳ ба ин сӯ талош дорад, ки ҷилави фурӯши чиптаҳо ба нархҳои аз андоза баландро бигирад.
Дар ҳоле, ки дар асоси як созиш барои ширкатҳои ҳавонавардӣ чиптаи рафтуомад барои парвозҳои мунтаззам 500 доллар ва чартерӣ на зиёда аз 8 ҳазору 500 сомонӣ муқарар шуда буд, ширкатҳо як чиптаро то 1200 доллар ё ҳудуди 14 ҳазор сомонӣ мефурӯхтанд.
Ширкатҳо бо имзои як протокол амалан ваъда супурда буданд, ки нархҳои муқарраршударо риоя мекунанд, аммо дар вазъ ҳеҷ тағйире наомад.
Аммо ҳоло оё хоҳад омад, ё хайр, вақт нишон хоҳад дод.