Росавиатсия парвозҳои мустақимро аз Тоҷикистон ба Сургут иҷозат дод

Сафар ба Ҳавзаи худмухтори Ханти Мантинский барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сода карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба як ширкати ҳавопаймоии дигар иҷозат додааст, ки парвозҳои мустақимро байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ҳавзаи худмухтори Ханти Мантинск ташкил кунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ.
Ҳамин тариқ, Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия ба ширкати ҳавопаймоии "Сибир" барои парвозҳо аз Сургут ва Нижневартовск ба ду шаҳри Тоҷикистон - Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб иҷозатнома дод.
Ғайр аз он, парвозҳо дар хатсайри Сургут - Фарғона (Ӯзбекистон) иҷозат дода шудаанд.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Лавров: Маскав мехоҳад ҳар чӣ зудтар равобити ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кунад
Хабар дода мешавад, ки ба ширкати ҳавопаймо иҷозат дода шудааст, ки ҳафтае се маротиба дар ҳар яки ин самтҳои номбаршуда парвоз кунанд.
Гуфта мешавад, ки қарори додани иҷозат асоси ниҳоӣ ё қарори барқарор кардани парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ нест.
Ширкати "Сибир" танҳо пас аз ифтитоҳи сарҳадоти кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқи ташкили парвозҳоро ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи марти соли 2020 парвозҳои байналмилалии мусофирбарӣ бо Русия бинобар пандемияи коронавирус қатъ карда шуданд.
Танҳо парвозҳои чартерии содиротӣ сурат мегирифтанд, аммо аз баҳори соли 2021 миқдори парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Русия тадриҷан меафзояд.