ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон онҳоро аз оқибатҳои бад, ки аксар вақт бо сабаби издивоҷи хешутаборӣ рух медиҳанд, ҳушдор дод.
Раҳмон аз афзоиши талоқ дар оилаҳо дар кишвар изҳори нигаронии ҷиддӣ кард.
Дар давоми 3,5 соли охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 250 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта, ҳамчунин тақрибан 38,5 ҳазор оилаҳои ҷавон пош хӯрдаанд, ки аксарияташ оилаҳои ҷавон будаанд.
Ба гуфтаи президент, волидон дар қатори ҷавонон низ вазифадоранд, ки ба масъалаи ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандони худ ҷиддӣ муносибат кунанд.
"Масъалаи дигари ҷиддии боиси ташвиш издивоҷи хешутаборӣ аст, ки волидон набояд нодида гиранд", - гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Ғайр аз он, президент омори дигарро низ мисол овард, ки тибқи он дар се соли охир аз 9,5% то 13% кӯдакони маъюб дар чунин оилаҳо ба дунё омадаанд.
Раҳмон аз ҳамагон даъват ба амал овард, то дар оянда ба хатогиҳо роҳ надиҳанд, ба тарбияи насли наврас доимо диққат диҳанд.
"Ба шумо хотиррасон мекунам, ки волидон дар ин масъала нақши муҳим ва ҳалкунанда доранд. Вазифаи волидон на танҳо таваллуд кардани фарзанд, балки таълим додан ва фароҳам овардани шароит барои рушди он мебошад", - гуфт ӯ.