ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Владимир Путин гуфт, Федератсияи Русия барои беҳбуди вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, талош хоҳад кард.
"Дар навбати худ, Русия мекӯшад ва саъй хоҳад кард, ки барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки ба хотири кор ба Русия меоянд, шароити созгор муҳайё намояд", - афзуд Путин дар ҷаласаи олии иқтисодии АвруОсиё, ки дар фазои маҷозӣ сурат гирифт.
Вай қайд кард, ки дар ояндаи наздик системаи ягонаи интернетии "Кори бидуни марз" ва замимаи дахлдор ба роҳ монда хоҳад шуд, ки имкон медиҳад бақайдгирии ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кор таъмин карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин нишаст сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла пешвои Русия Владимир Путин, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, сарони давлатҳои нозир - Куба ва Ӯзекистон ҳузур доштанд.