Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Путин ва Ҷабборов дар Сочи вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд

Дар баробари мушкилоти шадиди минтақавӣ, президентҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро муҳокима хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Дафтари матбуоти Кремл хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 24 май дар Сочи бо президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунад.
Кишвардорон ба масоили рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ, мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодияҳои интегратсионӣ, инчунин оид ба мушкилоти мубрами минтақавӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Путин гуфт, омода аст дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад
Ёдовар мешавем, ки 8 май, дар арафаи Рӯзи Пирӯзӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Маскав омад ва бо Владимир Путин гуфтушунид кард.
Кишвардорон ба масъалаҳои амният дар марзҳои Тоҷикистон диққати махсус доданд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“На ину на он”: “Головное” бояд аз кӣ бошад?
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Талаби барканории Қамчибек Тошиев: шарҳи КДАМ - и Қирғизистон
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.