Нигаронии Раҳмон аз ҷинояткории хонандагони синфҳои болоӣ ва паҳншавии ВИЧ байни ҷавонон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ миёни ноболиғону ҷавонон изҳори нигаронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон гуфтааст, ки танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд.
“Вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд”,- афзудааст президент.
Миёни ҷавонон паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандиро низ раҳбари кишвар ташвишовар хонд
Ба гуфтаи президент, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон низ нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад.
Дар даст силоҳ: Омбудсмен гуфт, соли 2020 ноболиғон чӣ қадар ҷиноят содир кардаанд
“Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст”,- гуфтааст президент.
Президент гуфтааст, ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.