Исроил ва Фаластин пас аз кушта шудани 244 нафар оташбас эълон карданд

Оташбас миёни Исроил ва фаластиниҳо дар Навори Ғазза соати 02:00 рӯзи 21 май эълон гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Исроил ва Фаластин ташаббуси Миср дар бораи оташбаси дуҷонибаро бидуни ҳеҷ гуна шарт қабул карданд, менависад РИА Новости.
Ҳамзамон, Исроил гуфт, ки ҳамкориҳоро бо Иёлоти Муттаҳида барои таҳкими субот дар минтақа идома хоҳад дод.
Президенти Амрико, Ҷо Байден ваъда додааст, ки дар барқарорсозии системаи дифоъи зиддиҳавоии "Равоқи оҳанин", ки мутахассисони Амрикову Исроил таҳия кардаанд, кӯмак хоҳад кард.
Путин хостори қатъи хушунат дар ҷанги Исроилу Фаластин шуд
Инчунин маълум шуд, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ният дорад барои гуфтушунид ба Исроил ва Фаластин ташриф оварад.
Зимнан, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз сулҳе, ки пас аз "11 рӯзи ҷангҳои хунин" ба даст омадааст, истиқбол кард.
Гузашта аз ин, Президенти Русия Владимир Путин низ даъват кард, ки хушунати ҳарду ҷониб дар муноқишаи Фаластин ва Исроил хотима ёбад.
"Мо хотима бахшидани амалҳои хушунатомези ҳарду ҷонибро ҳатмӣ мешуморем" -таъкид карда буд Путин.
Муноқиша байни Исроил ва Фаластин рӯзи 10 май авҷ гирифт. Ин ҳама пас аз он оғоз шуд, ки додгоҳи Исроил дар бораи ҳабси манзилҳои хонаводаҳои араб дар яке аз маҳаллаҳои Байтулмуқаддас қарор қабул кард. Пас аз он ошӯбҳо дар масҷиди Ал-Ақсо ба вуқӯъ пайваст ва сипас радикалҳои Ҳамос ба сӯи қаламрави давлати яҳудиён мушак партофтан гирифтанд. Исроил низ аз силоҳ истифода кардааст.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи кушташудагони фаластиниҳо дар Ғазза ба 232 нафар расида, 1900 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Аз ҷониби Исроил ҳадди аққал 12 нафар кушта шуданд.