ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Футболбозони тоҷик бар варзишгарони қирғиз пирӯз шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Шоми 20 май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020- дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 бар дастаи "Олой"-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Пирӯзии дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров ва Абдулмуъмин Забиров имконпазир гардид.
Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон- дастаи футболи "Насаф" дар ҳар се бозӣ пирӯз шуда, ғолиби гурӯҳи "F"-и Ҷоми КФО-2021 гардид.
Акнун дар даври финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2021 дастаи футболи "Насаф"-и Ӯзбекистон бо дастаи "Аҳал"-и Туркманистон, ки дар гурӯҳи "Е" ғолиб шуд, бозӣ мекунад.