ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Русия маҳдудиятҳои убури марз барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро сабуктар кард.
Фармони дахлдор, ки дар сайти расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, ба убури марзҳои заминии Русия дахл дорад.
Санадро 18 майи соли равон роҳбари Ҳукумати Русия Михаил Мишустин имзо кардааст.
Ҳамин тариқ, рӯйхати шахсоне, ки дар Русия хешовандон доранд, ки барои вурудашон иҷозат дода мешавад, васеъ карда шуд.
Акнун шаҳрвандони кишварҳои дигар метавонанд, марзро убур кунанд, агар дар Русия ҳамсар, волидон, фарзандон, хоҳарон, бобоҳо, бибиҳо, наберагон, волидайн, фарзандхондагон ва ё парастори шаҳрвандони Русия бошанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан танҳо ҳамсарон, волидон, фарзандон, фарзандхондагон ва шаҳрвандони фарзандхондаи Федератсияи Русия метавонистанд, вориди ин кишвар шаванд.
Ҳамин тариқ, тағйирот ба фармонҳои Ҳукумати Федератсияи Русия 635-р ва 763-р таъсир расонида, масъалаҳои вуруди хориҷиёнро ба Русия танзим карданд. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия дар пасманзари маҳдудиятҳои мавҷуда ва пандемияи COVID-19 қабул карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми убури сарҳади давлатӣ доштани нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешутаборӣ ё муқаррар намудани васоят (парасторӣ)ҳатмӣ аст.