ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи таркиши як мошини боркашро дар ноҳияи Деваштич тавзеҳ додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, таркиши автомашинаи тамғаи "Донгфенг" -и бензинкашон субҳи имрӯз рух дод.
"20-уми майи соли равон, тахминан соати 10:00, дар натиҷаи ҷой доштани нуқсонҳои техникӣ дар автомашинаи тамғаи "Донгфенг" (бензинкашон) ба мағозаи фурӯши масолеҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич бархӯрда, оташ гирифтааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
"Донгфенг" таҳти идораи шаҳрванд Ҷӯраев Мансури 34 - сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштааст.
Тавре манбаъ меафзояд, хушбахтона дар пайи ин ҳодисаи нохуш нафаре осеби ҷиддӣ набардоштааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад. Зарари расонидашуда муайян карда мешавад.