Созиши Тоҷикистону Ӯзбекистон барои мусофирбарӣ тариқи автобусҳо

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ояндаи наздик барои боз намудани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар миёни минтақаҳои ҳарду давлат мувофиқи талаботи карантинӣ ба мувофиқа расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар” ин масъала дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки ахиран дар шаҳри Тошканд бо иштироки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, таъкид доштааст, ки пас аз ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ протокол ба имзо расид, ки дар қатори дигар масоили мубрами ҳамкорӣ масъалаи муносибатҳои дуҷониба дар самти нақлиёту роҳ низ дар он дарҷ гардид.
Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбад
Аз ҷумла, ҷонибҳо барои ба анҷом расондани расмиёти тасдиқи лоиҳаи “Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи транзити молҳои хатарнок тавассути қаламрави Ӯзбекистон” то охири моҳи майи соли 2021, таҳияи лоиҳаи Протокол “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон” ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ар доираи ҷаласаҳои комиссияҳои омехтаи нақлиёти автомобилии байналмилалӣ баррасӣ намудани мубодилаи шумораи иҷозатномаҳо барои интиқоли ангишт ва намак, дар ояндаи наздик кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мувофиқи талаботи карантинро мувофиқа карданд.
Тарафҳо бо дархости ҷониби Тоҷикистон имкони ташкили омӯзиш барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ва дар муассисаҳои таълимии касбии ҶСК “Ӯзбекистон Темир Юллари”-ро барои мутахассисони соҳаи роҳи оҳан баррасӣ карданд.