Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Чаро Русия тоҷикон ва чанд хориҷии дигарро аз Непал баровард? посухи Захарова

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба ҳамтои украинии худ роҷеъ ба вокуниши ӯ оид ба баровардани хориҷиён аз Непал посухи тунд дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Ба далели авҷгирифтани паҳншавии бемории COVID-19 дар Непал рӯзи гузашта бо парвози махсуси ҳавопаймои Русия шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ аз ин кишвар берун оварда шуданд.
Ба ин иқдоми Русия вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба вокуниш нишон дод ва ин вазъро "ҳиллаи Русия" хонд.
"Намояндаи Русия аз номи ширкати Аэрофлот ба ҳама пешниҳод кард, ки чиптаҳои ин ширкати русиро, ки ба Маскав парвоз мекард бихаранд, гарчанде, то ҳол барои ин парвоз иҷозат дода шуда набуд, аммо Русия худро аллакай ҳамчун наҷотбахши ҳама шаҳрвандон медонад, сарфи назар аз миллат ва шаҳрвандии онҳо", - гуфт Кулеба.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар нишасти матбуотӣ ба ҳамтои украинии худ посух дод.

"Вақте ки давлат худро ҳамчун наҷотбахши ҳама шаҳрвандон медонад, сарфи назар аз миллат ва шаҳрвандӣ дар вазъи душвор пешниҳоди кумак мекунад, ин иқдом оқои Дмитрий Кулеба, ҳиллагарӣ нест, балки рафтори масъулиятнок аст" – таъкид дипломати рус дар саҳифаи Facebook.

Мария Захарова
Намояндаи расмии ВКХ ФР
Захарова ба Кулеба гуфт, ки вай аз надонистани чунин калимаҳо ибораи дурустро интихоб накардааст.
Инчунин, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба кормандони сафорати Русия ва ҳамкасбони непалӣ барои имконияти баргардонидани русҳо ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ ташаккур гуфт.
Интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон бо парвози махсус аз Непал
Ёдрас мешавем, ки ахиран бо ҳавопаймои махсус Русия аз кишвари Непал 253 шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумла аз Русия, Беларус, Украина, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Латвия, Озарбойҷон, Лаҳистон, Литва ва Малта берун овард.
Ҳавопаймои махсус шаҳрвандони аз кишвари Непал беруновардаро ба фурудгоҳи “Шереметево”-и шаҳри Маскав расонд.
Вазорати корҳои хориҷаи Русия қайд кард, ки бо ин ҳавопаймои махсус шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ин кишвар бароварда шуданд. Вале ВУХ-и Русия дақиқ накардааст, ки бо ин ҳавопаймои махсус чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз Непал берун оварда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар Непал 18 май сироятёбии 464 218 нафар ба CJVID-19 ба қайд гирифта шуд. То дирӯз шумори ҷонбохтагон аз вирус дар ин кишвар 5215 нафарро ташкил медод.