Муҳриддин ба Русия сипос гуфту аз Лавров афви муҳоҷирони тоҷикро дархост кард

Вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров ба муҳокимаи масъалаҳои муҳоҷират диққати махсус дода шуд.
"Мо ба ҷониби Русия барои имтиёзҳое, ки дар давраи пандемия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик фароҳам оварда шудаанд, изҳори миннатдорӣ менамоем", - афзудааст вазири тоҷик.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бори дигар таваҷҷӯҳро ба вазъи ҳанӯз номуайяни ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ҷалб кард.
Илова бар ин, Мухриддин ба афзоиши шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд, таъкид намуда, ин ҳолатро таассуфовар хонд.
Мулоқоти Лавров ва Муҳриддин: аз имзои барномаи ҳамкорӣ то ташкили алоқаи фаврӣ
"Бисёре аз онҳо ба рӯйхати ба истилоҳ мамнӯъ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шомил карда шуданд. Мо аз ҷониби Русия хоҳиш кардем, ки дар ҳалли мусбати ин масъала мусоидат кунад" , - гуфт Муҳриддин.
Вазири умури хориҷӣ тавзеҳ дод, ки бастаи санадҳои марбут ба муҳоҷират барои омадани Владимир Путин аз ҷониби Тоҷикистон омода мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки сафари президенти Русия Владимир Путин моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.