Зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Русияро дар мусобиқаи Евровидение - 2021 намояндагӣ мекунад, пас аз баромади ду иштирокчӣ ба саҳна баромад.
Овозхон назди тамошобинон бо рӯймолу пироҳани калони гулдор намудор шуд. Ин пироҳан махсус барои Евровидение духта шудааст. Либоси Манижа аз пораи матоҳое, ки ҳаводорони овозхон аз тамоми гӯшаи Русия ба ӯ ирсол намуда буданд, дӯхта шудааст.
Аснои баромад, Манижа либоси худро "партофт" ва дар либоси сурх намудор шуд, ки дар пушти он номи сурудаш - Russian Woman навишта шудааст.
Намоиши саҳна ҳангоми баромади Манижа бисёр равшану диданӣ буд ва метавон гуфт аз миёни иштирокчиёни Евровидение яке аз таъсирбахштаринҳо буд.
Дар баробари Манижа дар саҳна боз чор бэк - овозхон ҳунарнамоӣ намуданд.
Илова бар ин, дар ҷараёни баромади Манижа боз чанд экран ҳам фаъол буданд, ки калимаҳою шиорҳои бархоста аз суруди Russian Woman- ро пахш менамуданд.
Баромади фавқулодаи Манижа дар Евровидение - 2021 на танҳо ҳаводорон ва ровиёнро тасхир кард, балки боиси писанду баҳогузории волои доварон низ гардид.
Матни суруди Russian Woman моли худи Манижа буда, мусиқии он дар ҳамдастӣ бо оҳангсози исроилӣ Ори Авни ва Ори Каплан эҷод шудааст.
Ёдовар мешавем. ки мусобиқаи Евровидение - 2021 дар Роттердам баргузор мегардад.
Ин мусобиқа аллакай 65 - умин аст. Нидерландҳо ҳаққи мизбони ин мусобиқа шуданро пас аз ғолибияти намояндаи худ дар соли 2019 ба даст оварданд. Он замон намояндаи ин кишвар Дункан Лоурес бо суруди Arcade ғолиби Евровидение - 2019 эълон шуд.
Даври ниманиҳоӣ рӯзи 18 май баргузор шуд ва даври дуюм мебояд рӯзи 20 май доир гардад. Даври ҷамъбастӣ бошад рӯзи 22 май баргузор хоҳад шуд.