ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Дар гуфтушунидҳо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Лавров гузариш аз низоъ дар марз ба ҳамкориро намунаи мусбати ҳарду ҷумҳурӣ номид.
"Мо хеле хурсандем, ки марҳилаи гарми муноқиша дар гузашта монд. Аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки кишварҳо дар самти демилимитатсия ва аломатгузории марз корро шурӯъ кардаанд. Ин барои тамоми фазои пасошӯравӣ намунаи хеле хуб аст", - гуфт дипломати рус.
Қаблан низ Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон карда буд, ки бо изтироб ҳаводиси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ кард ва ҳатто пешниҳод низ карда буд, ки дар ҳалли ин масъала миёнҷигарӣ кунад.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.