ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ҳоло дар Душанбе давом дорад, ба масъалаи пурра барқарор гардидани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст.
Дар робита ба ин масъала вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров таъкид намуда, изҳор дошт, ки Маскав ҷонибдори ҳарчӣ зудтар барқарор шудани равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистон аст.
"Мо мехоҳем, ҳарчӣ зудтар басомад ва ҳаҷми ҳаракати ҳавоии мунтазамро барқарор кунем, аз ҷумла барои бозгашти ҳамаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд. Ин тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад", - афзудааст Лавров.
Рӯзи гузашта мақомоти авиатсионии тоҷик аз манъи парвози ду ширкати ҳавоӣ русиягӣ S7, ки номи расмияш "Сибир" мебошад ва "Серверний ветер" дар масири Русия ва Тоҷикистон хабар доданд.
S7 бо нашри изҳорот эътироф намудааст, ки мушкилоти муайяне зимни гирифтани иҷозатномаи парвозҳо ба Тоҷикистон дорад.
"Мо ният дорем, ки ин масъалаҳоро тариқи реҷаи корӣ дар ояндаи наздик ба танзим дарорем. Дастури манъи комили парвозҳо аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ворид нашудааст", - илова намуданд дар S7.
Ахиран Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои русиягии "Сибир" ва "Северний ветер" - ро манъ карда, далелашонро гаронии нархи чиптаҳояшон гуфт.
Феълан мусофирони масири Тоҷикистону Русия мегӯянд, ягон ширкати анҷомдиҳандаи парвозҳо дар ин масир нархҳои қаблан эълонкардаи Ожонси гражданиро риоя накарда, нархҳоро ба маротиб қимат фурӯхта истодаанд.