ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса аз он оғоз шудааст, ки дар кӯчаи Ҷалолиддини Румии шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Баҳром Мирбобоеви 37-сола ва Далер Ҳасанови 25-сола занозанӣ кардаанд.
Манбаъ сабаби занозаниро "баҳсу номуросоӣ" гуфтааст, ки дар лаҳзаҳои аввал бо мусоидати сокинони маҳалла ва роҳгузарон ором карда мешавад.
ВУД мегӯяд, баъдан шаҳрванд Назир Ҳасанов аз муноқиша огоҳӣ ёфта, ба ҷои ҳодиса назди ҷиянаш Далер Ҳасанов меояд ва якҷоя барои гуфтугӯ ба назди хонаи Мирбобоев мераванд.
“Дар натиҷа муноқиша шиддат гирифта, Баҳром Мирбобоев сабукрави “Мерседес”-ашро ба сӯи Назир Ҳасанов ронда, зер мекунад. Мирбобоев вақте Ҳасановро аз пой меафтонад, мошинро боз ба қафо ронда, аз болои баданаш мегузарад”, - гузориш додааст ВУД бо такя ба навори камераҳои мушоҳидавӣ.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷа Назир Ҳасанов зарари миёна ба саломатӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ба иттилои ВУД, алайҳи Баҳром Мирбобоев ва Далер Ҳасанов барои авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, муттаҳамон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Назари бевоситаи иштирокдорони ҳодиса дар бораи ин қазия маълум нест.