Ҷаҳиши рекордии евро дар Тоҷикистон: рубл ҳам боло рафт

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондодҳо қурби пули аврупоӣ ба таври рекордӣ боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ,19 май — Sputnik. Асъори аврупоӣ, дар ҳоли афзоиш буда, ба баландтарин сатҳи нишондодҳо мерасад. Имрӯз дар Тоҷикистон 1 евро бар ивази 13,8206 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи гузашта ин асъор ба таври назаррас коҳиш ёфта буд.
Рубли русӣ низ дар баробари асъори аврупоӣ боло рафта, доллар бошад, устувории қаблиро нигоҳ медорад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1530 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.8100то 13.9100 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1530 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.
Коршиносон гуфтанд арзиши доллар дар охири сол чӣ гуна хоҳад буд
Қурби ҳаррӯзаи асъор аз сӯи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.