ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад.
Ҷаласаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раисӣ мекунад.
Дар ҷаласа дабири кулли СПАД Станислав Зас, вазири Русия Сергей Лавров, қирғиз Чингиз Айдарбеков, қазоқ Мухтор Тлеуберди, беларус Владимир Макей ширкат меварзанд.
Дар ҷараёни музокирот сардорони вазоратҳо мушкилоти умумиро баррасӣ мекунанд.
Мавзӯҳои асосӣ вазъи Афғонистон пас аз хуруҷи артиши ИМА ва ташдиди байни Озарбойҷон ва Арманистон хоҳад буд.
Ҳамзамон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ оид ба ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ, тамдиди СТС — 3 (СНВ-3) ва 75-умин солгарди Ҳукми трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар Нюрнберг якчанд изҳороти муҳими сиёсӣ қабул хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 чорабиниҳои СААД- ро Тоҷикистон раисӣ мекунанд.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд.
Ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон шомил мебошанд.