Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

COVID-19 ё илтиҳоби шуш? дар Хуҷанд 15 нафар бо таби баланд бистарӣ шуданд

Ҳоло дар бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд, 15 нафар бо таби баланд бистарӣ ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, вазъи баамаломадаро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, сокинон бо аломати “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда, вазъи саломатии онҳо идорашаванда аст.

“Аз он, ки таби баланд доштанд, 15 нафарро бистарӣ кардем. Ҳоло ҳарорати бадани аксари беморон муътадил шудааст. Дар ҳолати дубора баланд нашудани ҳарорат, онҳо ба хонаҳояшон рухсат хоҳанд, шуд”, - гуфт сартабиб.

Бӯрибоев, гуфт дар чанд рӯзи охир, шуморе аз сокинон, ки бо чунин аломати беморӣ бистарӣ шуда буданд, баъди беҳ шудани саломатиашон, аз дармонгоҳ мураххас шуданд.
Зимнан, сартабиб изҳор дошт, ки ҳамасола дар мавсими баҳорӣ чунин ҳолати авҷгирии касалиҳои сироятӣ мушоҳида мешуд.
Ёдовар мешавем, ки ин дармонгоҳ яке аз бемористонҳое буд, ки шурӯъ аз замони хуруҷи бемории COVID-19 дар кишвар бо реҷаи қарантинӣ гузашт ва ҳоло ҳам дар ҳамин реҷа фаъолият мекунад.
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти сирояти коронавирус дар ИДМ аввал шуд
Он замон тадовии маризони коронавирус дар Хуҷанд маҳз дар ҳамин бемористон сурат мегирифт.
Табибон сабаби то ба ҳол ба реҷаи қарантинӣ фаъолият намудани Бемористонро барои пешгирӣ ва мубориза аз хуруҷи эҳтимолии коронавирус арзёбӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ аз мобайнҳои моҳи январ эълон намуд, ки Тоҷикистон орӣ аз вируси COVID -19 шуд ва аз он замон то ҳол ягон мавриди гирифторшавӣ ба ин дард ба таври расмӣ сабт нагардидааст.