ДУШАНБЕ, 19 май –Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар мулоқот рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва афзалиятҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин зимн, аз ҷумла ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, қайд карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар СААД мутобиқи афзалиятҳои муайяншуда, вазифаҳои раёсатро бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Созмон ба таври пурсамар иҷро карда истодааст.
Таъкид гардидааст, ки фаъолияти Созмон дар давраи гузашта ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, Стратегияи рушди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ то соли 2025 бо дарназардошти муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок барои оянда таҳия гардад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи СААД, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа, амалисозии барномаҳои Созмон оид ба таҳкими иқтидори ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муҳокима гардиданд.