Тоҷикистон бо Туркия бозорҳои нави фурӯши маҳсулот меҷӯяд

Дар Душанбе мулоқоти роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати “Çalık Holding”-и Туркия баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Бино бар иттилои даафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноатӣ бо ширкати мазкур, роҳҳои дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар самтҳои дахлдор маҳсуб меёбанд.
“Ҳамчунин, боздид ва аз наздик шиносоӣ пайдо намудани намояндагони Ширкати “Çalık Holding” аз як қатор корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар назар дошта шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Мулоқоти Туркия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиётро тавсае мебахшанд
Ширкати “Çalık Holding” дар самтҳои саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, сохтмон, энергетика, молия, телекоммуникатсия ва технологияҳои рақамӣ фаъолият дошта, корхонаҳои нассоҷии зерсохтори ширкати мазкур қатори истеҳсолкунандагони бузурги матои ҷинс дар ҷаҳон шомил буда, иқтидори истеҳсоли 55 млн метр матои ҷинс дар як солро доро мебошанд.
Ширкат бо брендҳои ҷаҳонӣ аз қабили Diesel, Replay, G-Star, Tommy Hilfiger, Pepe Jeans, Topshop, River Island, Marks & Spencer, Citizen of Humanity, Guess, Joe’s Jeans, Good American, Frame, Banana Republic, H&M, GAP, Zara, IKEA, LIDDLE, TESCO, SEARS ҳамкорӣ доштааст.