ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфт, чорумин ваксин алайҳи вируси COVID-19, дар ояндаи наздик дастраси мардум мешавад, менависад РИА Новости.
Аммо роҳбари Русия аз ифшои мушаххасоти дигар дар мавриди ин ваксин худдорӣ кард.
Ӯ ҳамчунин аз истеҳсоли се ваксини муассир хабар дода, гуфт, эмгузаронии сартосарӣ бо ваксинҳои сохти ватанӣ натиҷаи хуб ба бор овардааст.
Владимир Путин инчунин қайд намуд, ки Русия аз ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус манфиатдор аст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия феълан се ваксин алайҳи маризии коронавирус истеҳсол намудааст.
"Спутник V" аввалин доруи ҷаҳонӣ барои пешгирии сирояти коронавирус мебошад, ки дар Маркази Гамалеяи Вазорати тандурустӣ таҳия шудааст.
Ин ваксини сохти русӣ аз ҷониби 66 кишваре, ки шумораи умумии аҳолии онҳо беш аз 3,2 миллиард аст, тасдиқ намудааст.
Ваксинаи дуюми сохти русия "ЭпиВакКорона" мебошад. Он дар маркази "Вектор" -и Новосибирск таҳия шудааст.
Ҳамчунин Маркази Чумаков ваксини саввум "КовиВак" - ро истеҳсол кард.
Зимнан, моҳи май Вазорати тандурустии Русия, "Спутник - Лайт", - ро сабти ном кард. ки он як бахши ваксини "СпутникV" мебошад.
Бар тибқи хабари сарвазири Русия, Михаил Мишустин, беш аз 24 миллион шаҳрвандони Русия алайҳи коронавирус бо ваксиҳои сохти ватанӣ эмгузаронӣ шудаанд.