Раисони парлумони кишварҳои узви СААД ба Душанбе меоянд

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ТАСС санаи 1 июл дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин бора ахиран раиси Думаи давлати Русия, раиси АП СААД Вячеслав Володин хабар додааст.
“Маълум аст, ки пандемия осори худро мегузорад. Ҳоло ин тадриҷан паси сар мешавад. Бинобар ин, умедворам, ки дар ояндаи наздик мо аллакай дар доираи Ассамблеяи парлумонии СААД, ки 1 июл баргузор мешавад, мулоқот хоҳем кард”, — таъкид доштааст Володин.
Тавре ки дар сомонаи АП СААД зикр карда шудааст, баргузории ҷаласаи сайёир Шӯрои ташкилот дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Вазирони корҳои хориҷии узви кишварҳои СААД ба Душанбе меоянд
Шӯрои АП СААД фаъолияти ассамблеяро ташкил мекунад ва аз роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат аст.
Дар ҳоли ҳозир раёсати АП СААД ба дӯши раиси Думаи давлатӣ вогузор шудааст.