Боз як пойгоҳи низомии дигари Амрико ба артиши Афғонистон супурда шуд

Амрико як пойгоҳи низомии дигари худ дар шарқи Афғонистонро ба артиши ин кишвар вогузор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Абдуқаюм Раҳимӣ, волии Лугар дар шарқи Афғонистон рӯзи душанбе гуфт, ки низомиёни амрикоӣ пойгоҳи “Фоб Шанк”, ки “Махруба” аст ба нерӯҳои артиши Афғонистон вогузор карданд, иттилоъ додааст радиои садоии Хуросон дар истинод ба хабаргузории "Тасним".
Абдуқам Раҳимӣ, афзуд, ки нерӯҳои афғон дар назар доранд то пас аз бозсозии ин пойгоҳ, аз он ба унвони як маркази омӯзишӣ истифода кунанд.
Қаблан пойгоҳҳои Мурҳад дар ҷанубу ғарби Кобул, Энтони, Майк Спин ва пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор дар ҷануб ва шимоли Афғонистон ба ихтиёри низомиёни афғон дода шуда буданд.
Амрико бузургтарин пойгоҳи низомиашро дар ҷануби Афғонистон ба нерӯҳои миллӣ вогузор кард
Гуфта мешавад ин иқдомот бештар дар ҳадди ҷобаҷоии нерӯҳои Амрико аз як минтақаи Афғонистон ба минтақаи дигари ин кишвар аст ва ҳанӯз низомиёни Амрико, Афғонистонро тарк накардаанд.
Раиси Ҷумҳурии Амрико "Ҷо Байден " ахир ваъда додааст низомиёни ин кишвар то қабл аз 11 сентябр аз Афғонистон хориҷ мешаванд.
Мардум ва мақомоти Афғонистон борҳо хуруҷҷи низомиёни Амрикоро аз кишварашон хостор шудаанд.