Вазир: додугирифти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар се моҳ 23,1 миллион доллар афзоиш ёфт

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни мулоқот бо вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон аз афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Тошканд, дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо муовини Сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Умурзақов Сардор Уктамович баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати иқтисод.
Дар ин мулоқот вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд намудааст, ки Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 миллион долларро ташкил дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбад
Қайд шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва мубодилаи таҷриба байни вазоратҳои ҳарду кишвар дар самтҳои дурнамосозии макроиқтисодӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо ҳамкорӣ намоянд.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.