Тоҷикистону Қазоқистон тасмим доранд равобити тиҷориро ба сатҳи нав бароранд

Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҳамоиши мазкур доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода тақвияти ҳамкории иқтисодии ду кишварро таъкид кардаст.
Манбаъ қайд кард, ки соли гузашта табодули мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон беш аз 900 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки 152,2 миллион доллар ба содирот ва 757,5 миллион доллар ба воридот рост меояд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан маъданҳо ва консентратҳо, сабзавоту мева ва хушкмева содирот намуда, аз Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишворӣ, металлҳои сиёҳ, ғалла, орд ва равғани растанӣ ворид карда мешаванд. Инчунин бо ҷалби сармояи Қазоқистон дар Тоҷикистон 100 корхона фаъолият менамояд.
Раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон меояд
Ҷамшед Ҷумъахонзода , зикр кард, ки баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда замина фароҳам меорад.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҷараёни ҳамоиш доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар маҷмӯи масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуда, ҳамзамон имконоти сармоягузории ҳарду давлатро муаррифӣ намуданд.
Инчунин ба иттилои манбаъ мулоқоти доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шакли “В2В” доир гардид.
Роман Скляр, муовини сарвазири Қазоқистон ба Душанбе меояд
Зикр шудааст, ки дар доираи баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон меморандуми ҳамкорӣ байни корхонаю ширкатҳои ҳарду давлат ба имзо расонида шавад, ки маблағи умумии он 10 миллион долларро ташкил дода, ба тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамояд.
Бояд қайд кард, ки Қазоқистон яке аз шарикони калидии стратегӣ ва иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар савдои хориҷии Тоҷикистон баъд аз Русия мақоми дуюм касб менамояд.