Тақвияти ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистону Украина баррасӣ шуд

Дар Душанбе даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
“Омодагӣ ва рағбати мутақобил ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид”, - таъкид доштааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки зимни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитрий Кулеба ба имзо расад.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар фарҷоми ройзаниҳо муовини вазири корҳои хориҷии Украина, Евгений Енинро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.
Глава МИД РТ принял Зам. главы МИД Украины
Ёдрас мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина 24 апрели 1992 барқарор гардиданд.
Дар солҳои охир ҳамкории байниминтақавии ду давлат ривоҷу равнақ ёфт. Байни вилоятҳои Хатлон ва Харков, Хатлон ва Луганск, Суғд ва Днепропетровск ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ ба имзо расиданд.
Инчунин, ташрифҳои мутақобилаи намояндагони муассисаҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони корхонаҳои саноатӣ ба Тоҷикистон ва Украина сурат гирифтанд.
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар бахши маориф
Ҳамасола шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи бурсияҳои давлатӣ ба мактабҳои олии Украина дохил мешаванд.
Дар айни замон муносибатҳои Тоҷикистон ва Украина тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.
Тоҷикистон ва Украина инчунин ба густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судманд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.