ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Мақомоти амниятии Русия дар Ёқутистон як шаҳрванди Тоҷикистонро барои 30 сол аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти амниятии Русия дар ин минтақа хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, кормандони Хадамоти амниятии Русия дар Ҷумҳурии Саха ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардеро муайян карданд, ки ба Хадамоти муҳоҷират дидаву дониста дар бораи худаш ҳангоми муроҷиат дар бораи қабули шаҳрвандии Федератсияи Русия маълумоти бардурӯғ додааст.
"Муқаррар карда шуд, ки шахси зикршуда дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар амалиёти ҷангӣ аз ҷониби фундаменталистҳои исломӣ иштирок кардааст. Гурӯҳи мусаллаҳро хеши ӯ, ки сохтори террористӣ ташкил карда буд, сарварӣ мекард", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, бо мақсади пинҳон кардани шахсияти худ ва инчунин аз тарси ба ҷавобгарӣ кашидан дар Тоҷикистон, ихроҷшуда бо додани маблағ шиносномаи миллии худро бо маълумоти нави шахсияташ иваз кардааст.
Манбаъ шахсияти ин шаҳрванди Тоҷикистонро пурра ошкор накарда, танҳо гуфтааст 47 сол дорад.