Боздошти ду корманди Вазорати молия барои азхудсозии беш аз 4 миллион маоши кормандон

Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Вазорати молия хабар медиҳад, ки дар тасарруфи маблағҳои давлатӣ муттаҳам мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсии зидди фасод кормандони вазорат зимни як тафтишот боздошт шуданд.
Ба иттилои манбаъ, сардори шуъбаи муҳосиботи раёсати корҳои вазорат Рузиева Наргиз Меҳмондустовна дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин раёсат Юсупова Тахмина Ятимовна бо роҳи сохтакории ҳисоботи муҳосибӣ ва зиёд нишон додани музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказӣ 4 миллиону 72 ҳазор сомониро тасарруф намудаанд.
Боздошти корманди Хадамоти оташнишонии ВКД ҳангоми порагирӣ аз сӯи Оҷонсии зидди фасод
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба Рӯзива ва Юсупова бо моддаҳои бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноии кишвар оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.
Бар асоси ин моддаҳои қонун, агар айби эълоншуда тасдиқ шавад, боздоштшудаҳоро то 12 солӣ зиндон таҳдид мекунад.
Қаблан Оҷонсӣ иттилоъ дода буд, ки тайи соли гузашта 290 ҷиноёти азонихудкунии маблағҳои давлатӣ ва 101 ҳолати сӯистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳади ваколати хизматиро ошкор кардааст.
Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, ки тайи як соли охир дар кишвар хисорот ба маблағи 348,8 миллион сомонӣ (30,6 миллион доллар) ошкор ва аз ин маблағ 295,9 миллион сомонӣ ё 84,9 фоиз барқарор карда шудааст.