Аз раиси вилоят то обрасону омӯзгор: дави 12 ҳазор нафар дар Хуҷанд - аксҳо

Субҳи 16 май дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд дави миллӣ баргузор гардид
Sputnik
1 / 14

Дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Дави миллӣ доир шуд.

2 / 14

Котиботи раиси Суғд мегӯяд, аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд беш аз 12 ҳазор сокинони касбу кори гуногуни маркази вилояти Суғд дар чорабинии варзишӣ ширкат варзиданд.

3 / 14

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд, қабл аз оғози Дави миллӣ изҳор доштааст, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ҷисму рӯҳи инсон нерӯи нав мебахшад.

4 / 14
Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони шаҳрию вилоятӣ
5 / 14

Дар дави миллӣ намояндагони касбу кори гуногун бо овезаҳо баромаданд.

6 / 14

Раиси вилояти Суғд ва роҳбарони як қатор идораву ташкилотҳои вилоятиву шаҳрӣ ва сокинони касбу кори гуногун дар ин маъракаи варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.

7 / 14

Мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад, афзуд раиси Суғд.

8 / 14

Дави миллӣ дар Хуҷанд аз хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардид

9 / 14

Иштирокчиён ба воситаи кӯчаи Султон Умаров, купрӯки нав ва хиёбони Раҳмон Набиев зӯрозмоиро давом додаанд

10 / 14

Нуқтаи ниҳоии дави миллӣ майдони назди Парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд будааст.

11 / 14
Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони шаҳрию вилоятӣ
12 / 14

Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

13 / 14

Аз ҷумла ба бархе аз иштирокдорон қолинҳо туҳфа шуданд

14 / 14

Дави миллӣ дар Тоҷикистон бар асоси фармони раисиҷумҳур аз соли 2007 инҷониб ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май баргузор мегардад.