Ҳукумат замини Кӯли ҷавононро ба ширкати “Себистон” дод: Чаро?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ҳудуди 3,5 гектар замини Боғи Кӯли ҷавонон ва заминҳои захиравиро ба ширкати “Себистон 2018” дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон аз заминҳои зери кӯли Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” 2,49 гектарро, ки дар истифодаи ширкати "СДХ Инвестменс, Корп" қарор дошт, ба ихтиёри ширкати “Себистон 2018” додаст.
Бар асоси қарори Ҳукумат, инчунин аз ҳисоби заминҳои захиравии Душанбе, ки бо мақсадҳои кишоварзӣ истифода намешаванд, 1,01 гектар ба “Себистон 2018” дода шуданд.
Дар маҷмуъ “Себистон 2018” дар ҳудуди Кӯли ҷавонон 3,5 гектар заминро гирифта, муваззаф шудааст, ки дар он бинои бисёфунксионалии бисёрошёнаи маъмуриро бунёд намояд.
"Себистон 2018" аз ҷумлаи ширкатҳои нисбатан тозатаъсисе дар бозори сохтмонии Тоҷикистон мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ чандин лоиҳаҳои марказии пойтахтро ба уҳда гирифтааст.
Шоми раисиҷумҳур дар "Кӯли ҷавонон": Раҳмон навсозии боғи 78-соларо писандид (АКС)
Аз ҷумла ширкати мазкур сохтмони меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомониро ба уҳда дорад, ки интизор меравад, баландтарин бинои пойтахт шавад.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Grand Rudaki Tower” як Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ хоҳад буд, ки аз меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна ва ду адад апартаментҳои қароргоҳии 18-ошёна иборат мебошад.
Ҳукумат ширкати “Себистон – 2018”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу масолеҳи зарурӣ барои бунёди меҳмонхона озод карда буд.