ДУШАНБЕ, 15 май - Sputnik. Сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Миризеев ба Тоҷикистон метавонад моҳи июн сурат гирад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо барномаи сафари раҳбари Ӯзбекистонро таҳия мекунанд.
Қаблан маълум буд, ки сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба зудӣ нишасти муштарак барпо мекунанд.
Дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Тошканд гуфтушунидҳо байни муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқи Амин баргузор шуд.
"Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳоро дар самти омодасозии қисми моҳияти сафари қарибулвуқӯъи Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки моҳи июни соли равон доир мешавад, тақвият диҳанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар мулоқот тадбирҳои афзоиши тиҷорати мутақобила баррасӣ шуданд.
Ҳамин тариқ, кишварҳо нақша доранд, ки ҳаҷми савдоро аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Барои ин, расмиёти савдо ва инчунин дастрасии мол ба бозорҳои ду кишвар содда карда мешаванд, афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо инчунин аҳамияти рушди робитаҳои тарафайнро барои ташкили соҳаҳои нави воридотивазкунандаи дорои арзиши баланди иловагӣ барои содироти минбаъдаи маҳсулот ба бозорҳои кишварҳои сеюм қайд карданд.
Ҳамзамон, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи дурнамои макроиқтисодӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электронӣ созишҳо ба даст оварда шуданд.