"Окно” - равзана ба кайҳони бузург

Маркази “Окно” дар ағбаи Шар-Шар дар баландии беш аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, дар кӯҳистони мавсум ба Санглох бар фарози обанбори Норак ҷойгир аст
Sputnik
"Равзана" ба кайҳони бузург
Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно” барои пайдо ва муайян кардани объектҳои кайҳонӣ, ҳаракати параметрҳо, гирифтани хислати фотометрии онҳо ва иттилоъ додан дар бораи мавҷудоти фазои кайҳон пешбинӣ шудааст.
Маҷмааи назорати кайҳонии “Окно” ба Русия имкони пайдо кардани объектҳои кайҳониро дар фосилаи 50 ҳазор километр муҳайё мекунад.
Низоми назорати фазои кайҳонӣ маҷмааи назорати кайҳонии “Окно”, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст нақши беандоза мебозад.
Бояд қайд кард, ки бунёди маҷмааи “Окно” дар соли 1961 оғоз шуда буд. Ҳангоми ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон муттасадиён он ҷоро тарк карда буданд, танҳо дар охирҳои солҳои 90-ум ба аз нав барқароркунии он шуруъ карданд. Аз соли 2014 ин ҷониб дар ин маҷмаа навбатории низомӣ барқарор шудааст.
Дар соли 2004 ин пойгоҳи назоратии кайҳонӣ ба ивази 242 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба Русия дода шуд. Тибқи созишномае, ки он вақт роҳбарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо карданд, тамоми қаламрави ишғолкардаи пойгоҳ аз тарафи Русия бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар як сол то соли 2042 ба иҷора гирифта шудааст.
Зимнан, ин пойгоҳи назорати кайҳонӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ поягузорӣ шуда, моли давлати Тоҷикистон дониста мешуд. Вале таъмини ҳифозати ҳудуди ин маркази назорати кайҳониро тӯли ин солҳо сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бар ӯҳда доранд.