Раъду барқу борону жола: пешгӯии дақиқи ҳавошинсон барои 15 май

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май - Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Боридани жола пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Ҳушдори КҲФ аз идомаи боронгариву болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, бордани жола пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.